Жириновский: Тоҷикистон - қалъаи мо дар Осиё аст

Раиси ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский дар рафти нишасти матбуотии ҳизбаш Тоҷикистонро тавсиф намуда, гуфтааст, ки кишвар қалъаи Брести Русия дар нишебиҳои Осиё аст
Sputnik

Дар рафти нишасти матбуоти раиси ҳизб Владимир Жириновский аз сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ёдрас шудааст.

Ёди Жириновский аз сафараш ба Тоҷикистону пешниҳодаш барои кам кардани муҳоҷирони тоҷик
"Дума қарордоди Тоҷикистону Русияро дар мавриди бунёди мактабҳо ба тасвиб расонид. Ба фикри ман, дар ин гуна ҳолатҳо ҳуҷҷат метавонад ба дума пешниҳод нашуда, амалӣ шавад", - қайд кардааст Жириновский.

Ба гуфтаи раиси ҳизби ЛДПР, Русия бояд ба Тоҷикистон аҳамияти бештар диҳад, зеро дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст.

"Тоҷикистон қалъаи Брести мо дар нишебиҳои Осиё аст", - афзудааст ӯ.

Ӯ дар бораи ҷонфидоиҳои марзбонҳои тоҷик ёдрас шудааст, ки Осиёи Марказӣ ва Русияро аз ҷинояткорон ҳифз мекунанд.

ВИДЕО-и суханронии Жириновский дар Думаи давлатӣ баъди бозгашт аз Тоҷикистон ва Узбакистон

 

"Тоҷикистон таҳкими забони русиро мехоҳад, мо бошем аз "ратификатсия" мегӯем. Бояд чи қадаре ки лозим шавад, ҳамон қадар маткаб созем", - таъкид кардааст вай.