ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Чин дар рӯзи чоршанбе омадааст, то кунун беш аз 42 ҳазору 500 нафар дар ин кишвар ба "вируси тоҷдор"мубтало шудаанд.
Пеш аз ин шумори ҷонбохтагони ин маризии сироятӣ дар Чин 1018 нафар эълом шуда буд.
Хабари афзоиши шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Чин дар ҳоле аст, ки Комиссияи беҳдошти миллии ин кишвар ахиран гуфта буд, шумораи шифоёфтагон аз ин касалӣ дар Чин рӯ ба афзоиш аст.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 11 - уми феврали соли 2020, ширкати ҳавопаймоии Сомон эйр 46 донишҷӯи тоҷикро аз шаҳри Вуҳани Чин ба ватан интиқол дод.
Чаро дипломатҳои чинӣ дар фурудгоҳи Душанбе муаттал монданд?
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки муроҷиати 56 нафар шаҳрвандони кишвар дар Чинро барои баргардондан ба ватан дарёфт намуда буд.
Зимнан, 3 нафар аз шаҳрвандони тоҷик бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намуданд ва 7 донишҷӯи дигар бинобар доштани таби баланд аз сафар боздошта шуда, мавриди ташхис қарор гирифтанд.