Нигаронии раиси ВМКБ: роҳбандӣ барои коронавирус метавонад нархро боло барад

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, зимни машварати назоратӣ аз эҳтимоли боло рафтани нархҳо дар қаламрави вилоят ҳушдор додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Раиси​ ВМКБ аз он изҳори​ ташвиш​ кард, ки​ ба асари​ хуруҷи​ касалии​ коронавирус  дар Чин шоҳроҳи Хоруғ - Қулма​ баста​ шуд, хабар дод котиботи ҳукумати вилоят.

Даҳшати коронавирус: Абхазистон дарашро ба рӯйи тоҷикистониҳо баст

"Ин​ ба баланд шудани​ нарху​ наво​ боис​ мегардад. Вале​ онро​ кушода​ мондан ҳам​ аз​ ин​ хавфноктар​ аст, зеро касалӣ​ метавонад, тариқи гузаргоҳи​ ​ Қулма​ ба​ Тоҷикистон​ гузар​ кунад", - изҳор дошт Файзов.

Ӯ​ бо​ такя​ ба​ иттилои​ мақомоти​ дахлдор афзуд, ки Ҳукумати​ Тоҷикистон​ барои пешгирии​ вуруди коронавирус​ ба​ кишвар тамоми​ чорабиниҳоро​ роҳандозӣ намудааст.

"Дар​ худи​ гузаргоҳи​ Қулма​ ва​ ноҳияи​ Мурғоб барои​ безараркунонии​ шахсоне, ки​ аз давлати​ Чин​ ба​ Тоҷикистон​ ворид​ мешаванд, тадбирҳои​ зарурӣ​ андешида​ шуда, айни​ ҳол 27 нафар​ дар​ ин​ ҷо​ дар​ карантин​ қарор​ доранд", - гуфт Файзов.

Ӯ изҳори​ боварӣ карда​ст, ки​ имконияти вуруди​ ин​ касалӣ​ ба​ Тоҷикистон​ хеле​ маҳдуд​ аст. Дар​ баробари​ ин​ ба​ мақомоти​ дахлдор​ дастур​ додаст, ки доир​ ба​ ин​ масъала байни​ мардум корҳои​ фаҳмондадиҳиро​ ба​ роҳ​ монанд.

Файзов ҳамчунин дар бораи маъракаи интихоботи​ дарпешистода, пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили​ муташаккилонаи​ он​ дастурҳо додаст.