ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Фаррух Ҳамрализода, котиби масъули Шӯро ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ маротибаи чаҳорум ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидаст.
Ба иттилои Ҳамрализода, Тоҷикистон дар ҳисоботи ҷадиди “Пешбурди соҳибкорӣ” 20 зина боло рафта, дар байни 190 кишвари ҷаҳон ҷои 106-умро соҳиб шудаст.
Манбаъ ин пешравиро натиҷаи татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар соҳаи маориф - 5 фоиз ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 7 фоиз арзёбӣ кард.
Ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудани субъектҳои хоҷагидории соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, инчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ аз ҷумлаи сабукиҳое мебошанд, ки ба гуфтаи Ҳамрализода дар Тоҷикистон татбиқ шудаанд.
Кумитаи сармоягузорӣ ҳафт кишвари аслии сармоягузори Тоҷикистонро номбар кард
Инчунин ба иттилои Ҳамрализода 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахсони воқеӣ тибқи номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва аз пардохти андозҳо озод гардидани онҳо, аз 2 январи соли 2020 аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, аз байн бардоштани меъёри 1%-и андоз аз фоида бахши дигари сабукиҳо барои соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар арзёбӣ шуд.