Кордкашию тирпарронӣ: латту кӯби шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Маскав - видео

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар натиҷаи занозании оммавӣ дар шаҳри Сергиев Посади бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар вилояти Маскав муноқишаи хунин рух додааст, ки дар паи он ду муҳоҷири тоҷик ҷароҳатдор шудааст, хабар медиҳад шабакаи "360".

Бино ба маълумоти пешакӣ, муноқиша миёни чанд гурӯҳи ҷавонон дар дохили қаҳвахонаи "Звездочка" оғоз шуда, баъд дар берун ба кордкашию тирпарронӣ анҷом ёфтааст.

Ҳамлаи мусаллаҳона шаби 10 феврал ба вуқӯъ пайвастааст.

"Ба назди мошин чанд нафар ҷавони номаълум омаданд. Дар дохили мошин ду кас қарор дошт. Яке 24 сол дошту дигаре 30 сол. Ҳамлаварон ба сӯи мошин оташ кушоданд ва баъдтар мардони дар дохили худрав бударо бароварда ва латту кӯб карданд", - хабар медиҳад манбаъ.

Дар баробари силоҳ ҳамлагарон кордкашӣ низ кардаанд.

Пизишкон дар ҷои ҳодиса муҳоҷионро бо ҷароҳатҳои гуногун дарёфт кардаанд. Вазъи саломатии муҳоҷирон ваҳим арзёбӣ мешавад.

Ҳамлагарон аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, ҳуввияти онҳо муайян карда мешавад. ВКД дар вилояти Маскав қазияро таъйид кард.