Низомиёни Русия танкҳои таърихии Душанбе ва Турсунзодаро аз нав барқарор мекунанд

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ду танки ёдгории Ҷанги дуввуми ҷаҳонро барқарор мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон то рӯзи таҷлили ғалаба, ду танки таърихӣ, ки аз замони  Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ боқӣ мондаанд, барқарор карда мешавад.

Дар ин бора хабаргузории АМИТ “Ховар” иттилоъ дода гуфтааст, мошинҳои низомӣ аз ҷониби пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон то рӯзи 9 май барқарорсозӣ мешавад.

Низомиёни пойгоҳи 201 танки ИС-2-ро дар Душанбе аз нав барқарор карданд

Ба иттилои манбаъ, низомиёни рус  танки  "Иосиф Сталин" (ИС-2), ки дар майдони Ғалабаи шаҳри Душанбе ва тонки Т-34, ки дар Боғи Ғалабаи Турсунзода воқеъ аст, аз нав барқарор хоҳанд кард.

Манбаъ мегӯяд, барқарорсозии танкҳо аз ҷониби гуруҳи ихтиёрии “Хотира-201”, ки раҳбарии онро Ғафур Шерматов ба зима дорад, сурат хоҳад гирифт. 

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар баробари мошинҳои низомӣ атрофи он низ таъмиру обод мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ИС-2 ба хотираи қаҳрамонони ҶБВ дар майдони Ғалабаи Душанбе соли 1987 насб карда шуда буд.

Ин мошини зиреҳпӯш дар ҷангҳои Висло-Одерск  фронти Дуюми Белорус  ҷангидааст.