Савдою корхонасозӣ дар Хатлон: гузориши раиси вилоят

Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон, дар бораи бурду бохти бахшҳои гуногуни ҳаёт дар вилоят тайи як соли гузашта ба хабарнигорон гузориш дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бахшида ба ҷашни сазовори30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоятамон сохтмону азнавсозии беш аз 7400 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, беш аз нисфашон аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, изҳор дошт Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ.

Талаби Рустами Эмомалӣ аз соҳибкорон ба ивази дастгирӣ: ӯ молҳои серхаридорро гуфт

Котибот мақомоти Хатлон аз қавли Ҳакимзода иттилоъ дод, ки соли гузашта гардиши савдои хориҷии вилоят 404,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбати соли гузашта 36,4 миллион доллар ё 9,9 фоиз зиёд мебошад.

“Дар гардиши савдои хориҷӣ содирот ба 46 фоиз ва воридот ба 54 фоиз баробар мебошад. Дар содироти молу маҳсулоти вилоят ба хориҷи кишвар ҳиссаи нахи пахта 23 фоиз, калобаи ресандагӣ 21 фоиз, семент 15 фоиз ва қувваи барқ 34 фоизро ташкил дода, ба вилоят аз хориҷи кишвар, асосан, шакар, нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ, гӯшт ва орду гандум ворид гардидааст”, - омадаст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, соли 2019 дар вилоят 50 ҳазору 697 ҷойи нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Ба иттилои  мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳо 90 корхона ва коргоҳҳо бо дарназардошти 865 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи нақшаи бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ барои соли 2020, ҳукумати Хатлон азм дорад,  112 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 1637 ҷойи кориро ба истифода диҳад.