Дастури Машрабзода ба ташкилотҳои суғуртавӣ: аз фаъолиятатон дар сомонаҳо гузориш диҳед

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ба раҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ дастур додааст, ки хизматрасониҳои суғуртавиро дар асоси рақобати солим ба роҳ монанд ва аз фаъолияти худ дар сомонаҳо гузориш диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода бо роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ва масъулини Идораи назорати суғуртавӣ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти кории ташкилотҳоро дар соли 2019 баргузор кард.

Бино ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳамидулло Машрабзода зикр кардааст ки бахши суғурта яке аз унсурҳои муҳимми таркибии бозори молиявӣ ба ҳисоб рафта, рушди ин бахш ба ҳалли як қатор масъалаҳои мубрами иҷтимоию иқтисодии давлат мусоидат менамояд.

Бонкҳои кишварҳои БРИКС бо $100 млрд худро суғурта карданд

"Бахши суғурта ҳамчун низоми ҳимоя ва дастгирии манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар самти таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк унсури асосии иҷтимоию иқтисодии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт ва хоҷагии халқ муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, суғурта яке аз соҳаҳои муҳимми бозори молиявии давлат маҳсуб ёфта, таҳким ва инкишофи он тақозои замон аст",- гуфтааст Машрабзода.

Дар рафти кори ҷаласа сардори Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Дилбар Ҳусейнова дар мавзӯи “Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли 2019” баромад карда, фаъолияти ташкилотҳои суғуртавии кишварро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст.

Ҳусейнова зимни таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба тамоюли бозори суғуртавӣ, воридоти мукофоти суғуртавӣ аз рӯи шаклҳо ва намудҳои суғурта, пардохти ҷуброни суғуртавӣ аз рӯи шаклҳо, сохтори сандуқи суғуртавӣ, нишондиҳандаҳои азнавсуғуртакунӣ маълумоти дақиқ додааст.

Дар қисмати муҳокимарониҳо роҳбарон ва намояндагони масъули ташкилотҳои суғуртавии кишвар суханронӣ карда, оид ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба фаъолияти соҳа ибрози андеша намуда, аз фаъолияти ташкилоти худ дар соли сипаригардида ҳисобот додаанд.

Ҷаласаро Машрабзода хотима бахшида, ба ташкилотҳои суғуртавӣ барои саҳмгузорӣ дар бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар асоси рақобати солим ба роҳ мондани фаъолияти худ ва инъикоси пурраи фаъолият дар сомонаҳои расмии хеш дастуру тавсияҳо додааст.