Афзоиши қурбониёни коронавирус

Комиссияи беҳдошти Чин аз афзоиши қурбониёни коронавирус хабар дода, теъдоди ҳалокшудагонро то субҳи имрӯз 800 нафар арзёбӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Шумори ҷонбохтагони бемории бархоста аз коронавирус дар Чин ба 800 нафар афзоиш ёфт, хабар додааст Парстудей.

Нигаронии Убайдуллоев аз ҳоли муҳоҷир, гурези соҳибкор, коронавирус ва пули монда дар бонк

Ба иттилои манбаъ, Комиссияи беҳдошти Чин бомдоди рӯзи якшанбе эълом кард, бо марги 78 бемори дигари мубтало ба коронавирус шумори ҷонбохтагони ин вирус ба 800 нафар расидааст.

Манобеи беҳдошти Чин шумори ҷонбохтагони коронавирусро рӯзи шанбе 722 нафар эълом карда буданд.

Коронавирус, ки охирҳои декабри соли гузашта барои нахустин бор дар шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубейи Чин мушоҳида шуд, илова бар 30 вилояти ин кишвар акнун ба 18 кишвари дигар ҳам гузаштааст.

Ҳукумати Чин рӯзи 31 - уми декабр ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар додааст.

Ҳалокати 10 кӯдак дар Бадахшони Афғонистон : нигаронии ҳукумат аз вируси "тоҷдор"

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрванди Чин бо "вируси тоҷдор" ба қайд гирифта шуд. Яке дар вилояти Тюмен ва дигарӣ дар Забайкал будаанд.