Зимистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бемориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 1+3  ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  8-13 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 25-30 ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

То 40 дараҷа сардӣ, тармаву жола: феврал дар Тоҷикистон чигуна хоҳад буд

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати  3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук  ва   рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1+3  ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.