Тирпарронии низомӣ дар Тайланд: 12 кас ҳалок ва 20 нафар гаравгон - навор аз ҷои ҳодиса

Дар Тайланд дар натиҷаи ҳамлаи як низомӣ ба маркази савдо, дувоздаҳ кас ҳалок ва бист нафар захмӣ шуд
Sputnik

Дар Тайланд як низомӣ ба маркази савдо дохил шуда, ба сӯи мардум оташ кушод, хабар медиҳад рӯзномаи Bangkok Post.

Ҳамлаи террористӣ ба постгоҳи марзии Тоҷикистон ин қасам ба халифаи нав буд

Ҳодиса рӯзи шанбе дар шаҳри Накхотранчасима ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба гузориши расмӣ, мард аввал ду низомиро кушта, силоҳи онҳоро гирифтааст ва ба маркази савдо равон шудааст.

Қайд мешавад, ки дар маркази савдо ин мард беш аз 10 касро куштаву 20 тани дигарро захмӣ кардааст.

Феълан ҷинояткор 20 касро гаравгон гирифтааст. Тибқи иттилои пешакӣ онҳо дар ошёнаи чорум нигоҳ дошта мешаванд.

Мақомоти қудратии кишвар аллакай ҳуввияти ҷинояткорро маълум кардаанд. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн кардааст.

Дар яке аз наворҳо ин мард мегӯяд, ки хаста шудааст.

Дар баробари ин мақомот то ҳол далели амалкарди ҷинояткорро эълом накардааст.