Муноқишаи хунин дар марз: 8 нафар ҳалок ва 40 тани дигар маҷрӯҳ гардиданд

Муноқишаи хунин дар марзи Қазоқистону Қирғизистон мунҷар ба ҳалокати 8 нафар ва ҳамзамон захм бардоштани беш аз 40 нафари дигар гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Вазири умури дохилии Қазоқистон Ердан Тургумбоев зимни як брифинг дар Хадамоти марказии коммуникатсионӣ гуфт, ки бар асари задухӯрди шадид дар марз, дасти кам 8 нафар ҳалок ва беш аз 40 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Пас аз муноқиша дар марз: Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро барканор кард

Тибқи маълумоти пешакӣ, омили асосии сар задани муноқишаи дохилӣ, ин натоиҷи амалҳои таҳриккунандаи шахсони номаълум мебошад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, онҳо паёмакҳои бардурӯғ навишта паҳн намудаанд. Ин амали нопоки ҷосусонаи онҳо мунҷар ба сар задани муноқишаи шадид миёни шаҳрвандони наздимарзии Қазоқистон ва Қирғизистон анҷомид.

Дар пайи муноқиша дар марз бо Қирғизистон 7 атбоъи тоҷик осеб диданд

Ба гуфтаи Тургумбоев, муноқиша тақрибан соати 19:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ оғоз ёфт ва дар ин замон ҳудуди 70 нафар ба кӯчаҳои деҳаи Масанчи ноҳияи Кордай баромаданд ва пас аз муддати кӯтоҳ дар байни онҳо ҷанҷол сар зад.

Зимнан, фитнаангезон ва шоҳидони муноқиша, фавран ин ҳодисаро наворбардорӣ намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд ва бо ирсоли паёмакҳо, мардумро барои пайвастан ба муноқиша даъват мекарданд. 

Пас аз таниш дар марз: Қирғизистон 6 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад

"Ҳамин тариқ, дар муддати кӯтоҳ низоъ авҷ гирифт ва шумораи ошӯбгарон низ афзоиш ёфта ба 300 нафар расид", - афзудааст Тургумбоев.

Муноқиша танҳо бо мушт ва яроқ маҳдуд нашуда, ҳамзамон наздики 30 хонаи хусусӣ, 15 объекти савдо, 23 мошин оташ зада шуданд.

Дар маҷмӯъ кормандони пулис 47 нафарро боздошт карданд ва феълан тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.