Хиёнат, хонавайронӣ, қасди худкушӣ ва пушаймонӣ : ногуфтаҳои Мавлона - видео

Ҳунарпешаи машҳури тоҷик Мавлона Наҷмиддинова дар бораи ишқи ҷавонӣ, хиёнати ҳамсар ва хонавайронию пушаймонӣ гуфт
Sputnik

Мавлона Наҷмиддинова дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев гуфт, ҳар кори баде, ки инсон мекунад, албатта ба худаш бармегардад.

"Тӯй барпо нашуд, дилам озод аст": ногуфтаҳои Ситора Абдураҳмонова - видео

Мавлона Наҷмиддинова дар ин барнома, аз зани пешини ҳамсараш узр хост, чун дар ҷавонӣ ӯро хонавайрон карда буд ва ба духтарони ҷавони тоҷик тавсия дод, ки ҳеҷ гоҳ бо марди оиладор ошиқ нашаванду оила барпо накунанд.

"Мо ҳамдигарро дӯст медоштем. Ман намехостам зани дуюм бошам. Хостам зани аввал бошам. Аз ин лиҳоз ӯ аз занаш ҷудо шуд". 

Мавлона мегӯяд, чандин сол бо ҳамсараш зиндагии ошиқона доштанд ва ҳатто донаеро бе ҳамдигар истеъмол намекарлданд.

"Мо хона надоштем ҳамсарам барои хариди хона ба Русия мардикор шуд. Аз Русия занг зада гуфт, ки мехоҳад бо зане, ки чандин солҳо аз худаш бузургтар аст ақду никоҳи қалбакӣ бандад, барои беҳбудии буду бош. Вале баъд фаҳмидем, ки ӯ дар воқеъ зан гирифтааст", - ба ёд меорад Мавлона.

Ӯ аз таҷрибаи талхи зиндагии худ ёдрас шуда духтарони ҷавонро ҳидоят мекунад, ки ҳаргиз бо марди оиладор хонадор нашаванд.

"Ман як писарро бепадар кардам, Худо се фарзандамро бепадар кард", - хулоса кард Мавлона Наҷмиддинова.