Тоҷикистон бо ду кишвари арабии дигар парвозҳо ба роҳ мемонад

Интизор меравад, ки дар оянда бо баъзе аз давлатҳои арабӣ, назири Қатар ва Салтанати Уммон хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тоҷикистон бо ду кишвари арабии дигар, Қатар ва Уммон парвозҳо ба роҳ монданист. Дар ин бора, директори Агентии  авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода дар рафти нишасти хабарӣ гузориш дод.

Парвозҳо байни Тоҷикистону Чин қатъ шуданд
"Бо мақсади ба роҳ мондани  парвозҳои мустақими ҳавоӣ дар масири Душанбе-Давҳа  байни  маъмуриятҳои авиатсияи граждании  Тоҷикистон ва Қатар  соли сипаригардида дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа вохӯрӣ доир шуд. Дар ин вохӯриҳо  масъалаҳои тавсеаи  ҳамкории судманди  ҳар ду давлат дар бахши авиатсия, инчунин таҳияи  Барномаи ҳамкории техникӣ миёни мақомоти  ҳавонавардии мулкии ҳар ду давлат,  роҳандозии парвозҳои боркашонӣ ва ифтитоҳи  хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ  байни Душанбе ва Давҳа баррасӣ гардиданд", - тавзеҳ дод ӯ.

Субҳонзода афзуд, ки  бо  мақсади ифтитоҳи роҳҳои нави ҳавоӣ  соли гузашта бо мақомоти ҳавопаймоии мулкии давлатҳои Русия,  Қазоқистон, Гурҷистон ва Фаронса  низ  гуфтушунидҳо доир гардиданд. Дар онҳо масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкорӣ дар бахши ҳавопаймоӣ матраҳ  шуданд.

Парвозҳо байни Тоҷикистону Чин қатъ шуданд

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки  алҳол лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба  алоқаи ҳавоӣ  миёни Тоҷикистон ва Финландия, Фаронса, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Аморати Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ  дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.