Ин лоиҳаи омӯзишӣ 6 ва 7 - уми феврали соли ҷорӣ дар толори "Академияи Мегафон" барои доираи муайяни рузноманигорони тоҷик баргузор гардид.
Лоиҳаи байналмилалии омӯзишии SputnikPro бо ибтикори хабаргузории байналмилалии Sputnik дар ҳамдастӣ бо сафорати Русия дар Тоҷикистон доир гардид.
Дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи омӯзишӣ дар Тоҷикистон, сафири фавқулодаи Русия дар ин кишвар Игор Лякин - Фролов иштирок ва суханронӣ намуд.
Рӯзи аввали лоиҳаи таълимӣ се мавзӯи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки инҳо : тамоюлҳои ВАО, рушди VR ва AR ва роҳҳои ҷалби хонандагон ба бахши журналистикаи варзишӣ мебошад.
Наталя Лосева муовини сардабири "Россия сегодня" ва Екатерина Петухова, роҳбари бахши ҷомеаи вебсайти RIA.ru дар нахустин рӯзи лоиҳаи таълимӣ ба хабарнигорони тоҷик дарс гуфтанд.
Лавров дар бораи Sputnik Эстония: ин боз як доғи дигар ба обрӯи Иттиҳоди Аврупост
Дар рӯзи дуюм, сухангӯён Василий Конов - мушовири кулли "Россия сегодня", Песня В.В - аксбардори ботаҷриба ва барандаи ҷоизаи World Press Photo, ба иштирокдорон дар бораи тарроҳии касбии сомона барои хабарҳо ва ҷойгирсозии маводро дар пойгоҳҳои гуногун омӯзонданд.
SputnikPro - ин маҷмӯи омӯзишҳои беназир, барномаҳои ҷолиб аз ҷониби беҳтарин роҳбарони ВАО-и Русия ва хориҷӣ, коршиносон ва мутахассисони пешбари оҷонсӣ барои рӯзноманигорон, котибони матбуотӣ, блогерҳо ва донишҷӯёни курсҳои болоии соҳа мебошад.
Лоиҳаи таълимии SputnikPro аллакай дар 22 кишвари ҷаҳон, аз Арманистон то Юнону Чин доир гашта, дар он шуруъ аз моҳи марти 2018 то ин ҷониб 3000 нафар аз 80 кишвар иштирок кардаанд.