Се сутуни низоми бонкӣ: Бонки миллӣ рӯйхати бонкҳои низомсози Тоҷикистонро интишор кард

Бонки милли Тоҷикистон рӯйхати се бонк ва як ташкилоти қарзиро, ки ҳамчун ташкилотҳои низомсози бонкӣ дар кишвар дониста шудаан, нашр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ки 27 январи соли 2020 ба имзо расидааст, “Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2020” тасдиқ карда шуд.

Ҳушдори Нуралиев аз “Золотая корона”: дар як рӯз метавонист, вазъро муташанниҷ кунад

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаи фаъолияти солона (аз 01 январ то 31 декабри соли 2019), ба рӯйхати мазкур 3 ташкилоти қарзӣ ҳамчун ташкилотҳои қарзии низомсоз ва 1 ташкилоти қарзӣ ҳамчун ташкилоти қарзии эҳтимолӣ шомил гардиданд.

“Ба рӯхайти мазкур се бонк, Амонатбонк, Ориёнбонк ва Бонки Эсхата ҳамчун ташкилоҳои қарзии низомсоз ва як ташкилоти қарзии эҳтимолӣ  "Имон Интернешнл" дохил карда шудааст”.

Бонки миллӣ қайд кардааст, ки ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд.

Бонки миллӣ зикр кардааст, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонк ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.