Беш аз 5, 5 миллион сомонӣ: арзиши маҳсулоти пастсифату хатарнок дар Суғд

Агентии "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд, аз ошкоршавии беш аз 126 ҳазор тонна маҳсулоти мухталифи пастсифат ва куҳнашудаи истеъмолаш барои саломатии инсон хатарнок хабар дод, ки аз сӯи соҳибкорон ворид карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Муҳаммадӣ Давлатов, сардори Агентии "Тоҷикстандарт" дар Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, ба ҳисоби 126 ҳазору 317 кило маҳсулоти гуногуни хӯрока ва ҳам сохтмонӣ, инчунин онҳо 287 ҳазору 960 литр равғани рустанӣ, маҳсулоти спиртӣ ва нушокиҳои ташнашикани ғайристандартиро ошкор намудаанд, ки ин ҳама бо маблағи бештар аз 5, 5 милион сомонӣ ворид шудааст.

Фурӯшандаҳо орди пастсифат, ки бояд ба чорво дода мешуд, барои ниёзи сокинон мефурӯхтанд

Ҳаҷми маҳсулоти бесифати воридшуда, дар муқоиса ба соли 2018 ба андозаи 4 миллону 503 ҳазору 874 сомонӣ зиёд гуфта мешавад.

Гӯшт арзон мешавад: бо супориши Эмомалӣ аз Белорус 300 тонна гӯшт меоранд

Агентии "Тоҷикстандарт" дар Суғд мегӯяд, ин миқдор маҳсулот дар ҳоле ошкор шудаанд, ки дар озмоишгоҳҳои соҳаи кишоварзӣ ва хӯрокворӣ аз ташхис мегузаштанд.

"Дар умум 1 ҳазору 107 намунаи маҳсулоти санҷидашуда ба талаботи стандартӣ ва регламентҳои техникӣ ҷавобгуй набуданд. Ҳаҷми умумии маҳсулотҳои ғайристандартӣ, ки аз ҷониби озмоишгоҳҳо муайяншуда зиёда аз 875 тоннаро ташкил намуд. Соли 2018 ҳаҷми умумии ин қабил маҳсулотҳои ғайристандартӣ ҳамагӣ 284 тонна ҳисоб карда мешуд", -  гуфт Давлатов.

Сардори Агентии "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд таъкид намуд, ки соли 2019 воридоти бензини навъи АИ 80 ва тухми мурғ аз Узбакистон сурат гирифт вале маълум шуд, ки ин ду навъи маҳсулот аслан ба талаботи сифат ҷавобгуй набудаанд. Дар пайи ошкоршавии чунин маҳсулоти воридотӣ аз кишвари Узбакистон 352 ҳазор дона тухми мурғ аз муомилот дар бозор боздошта шуда ва ба таври сӯзонидан нобуд карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш ҳам Пардазода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд, дар як ҷаласа аз ворид шудани ҳудуди 60 тонна равғани пастсифат аз кишвари Узбакистон ба Суғд иттилоъ дода, қайд намуд, ки дар пайи ошкоршавӣ, ин миқдор маҳсулот дубора ба кишвари ҳамсоя интиқол дода шудааст.

"Санаи 12 -уми октябри соли 2019 ба суроғаи ҶДММ "Элита тиҷорат" тариқи қатораҳои Роҳи оҳан, 60 тонна равғани пахтаи истеҳсоли Узбакистон ворид шуда мувофиқи ташхиси протоколи ташхиси маркази тоҷикистандарт дар вилояти Суғд ин миқдор равған ғайристандартӣ ҳисоб шуда, он санаи 30-уми октябри соли равон ба суроғаи молистеҳсолкунанда ба Ҷумҳурии Узбакистон бо интихоби низоми гумрукӣ бозпас (реэкспорт) гардонида шудааст", -  иброз намуд, Пардазода.

Масъулони "Тоҷикстандарт" дар Суғд гуфтанд, ки дар пайи ошкоршавии воридоти маҳсулоти пастсифат 1659 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ оғоз ва нисбати қонунвайронкунандагон ҷамъан 302 ҳазору 850 сомонӣ ҷарима таъин кардаанд.