"Вируси тоҷдор" замони баргузории Қаҳрамонии Осиё - 2020 оид ба футзалро лағв кард

Дар робита ба хуруҷи маризии сироятии "вируси тоҷдор", замони баргузории Қаҳрамонии Осиё - 2020 оид ба футзал лағв гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Конфедератсияи футболи Осиё замони баргузории Қаҳрамонии Осиё - 2020 оид ба футзалро ба вақти дигар таҳвил дод, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Нахустин мусобиқаи футзал дар Душанбе баргузор мегардад

Дар ҳоле, ки қаҳрамонии мазкур бояд рӯзи 26 - уми феврали соли ҷорӣ дар Ашқобод баргузор мешуд.

Омили асосии таъхиркорӣ дар баргузор шудани мусобиқаи мазкур, авҷи маризии сироятии "вируси тоҷдор" мебошад.

Мутахассиси гурҷистонӣ сармураббии тими футзали Тоҷикистон таъин шуд

Гуфта мешавад, феълан дақиқ нест, ки Қаҳрамонии Осиё - 2020 оид ба футзал дар куҷо ва кай баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар асоси қуръакашӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон бозӣ мекунад.

Зимнан, пас аз натиҷагирӣ, панҷ дастаи беҳтарин, Осиёро дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал, ки аз 12 сентябр то 4 октябр дар Литва ба нақша гирифта шудааст, намояндагӣ мекунанд.