Се пора шуд: навори суқути ҳавопаймо дар Истанбул

Дар Истанбул ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавонавардии Pegasus Airlines бо 183 сарнишин суқут кард
Sputnik

Дар Интернет наворе аз лаҳзаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Истанбул роҳ ёфтаст. Шоҳидони ин ҳодиса суқути ҳавопайморо сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд. 

Ҳодиса бегоҳи рӯзи 5 - уми феврал дар фурудгоҳи Сабиҳа Гёкчени шаҳри Истанбул рух додааст.

Суқути ҳавопаймо дар Афғонистон бо 83 мусофир

Гуфта мешавад, ҳавопаймо, ки тариқи хатсайри Измир - Истанбул ҳаракат дошт, аснои фуруд омадан дар фурудгоҳ аз хати нишасту парвоз берун шуда, ба се қисм пора шуд.

Тибқи маълумотҳои ахир, бар асари суқути ҳавопаймо дасти кам 3 сарнишин ба ҳалокат расида, 179 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Аксари қурбониёни суқути ҳавопаймо донишҷӯён буданд, ки дар таътил ба аёдати хешон рафтанд

Айни замон фурудгоҳ баста аст ва Прокуратураи генералии Туркия ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст.

Тибқи фарзияи пешакӣ, омили асосии суқути ҳавопаймо ҳавои номусоид арзёбӣ мешавад.