Пирӯзии бузурги мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Малайзия

Футзалбозони тоҷик ҳамтоёни худ тими Малайзияро бо натиҷаи калони 4:0 шикаст доданд ва рақобати онҳо ба анҷом расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар бозии даври охири мусобиқаи байналмилалии "SAT International Futsal Championship 2020" оид ба футзал яккачини Тоҷикистон имрӯз 6-уми феврал бозии ниҳоии хешро бар зидди Малайзия баргузор кард.

Нахустин мусобиқаи футзал дар Душанбе баргузор мегардад

Ба иттилои сомонаи Варзиш, дар ин дидор футзалбозони тоҷик ҳамтоёни худ тими Малайзияро бо натиҷаи калони 4:0 шикаст дод.

Аз ҳайати мунтахаби кишвар голҳорро Умед Кузиев (се гол) ва Иқбол Воситзод ба ҳадаф расонданд. Қаблан футзалбозони тоҷик аз тимҳои Эрон (2:3), Таиланд-2 (2:4) ва Таиланд (0:2) шикаст хурда буданд.

Чемпионати Осиё дар риштаи футзал: 16 дастаи иштирокчӣ муайян шуданд

Ҳамин тавр мунтахаби футзали кишвар рақобати хешро дар ин мусобиқа ба анҷом расонид.