Генерал Назарзода: назорати кӯли Сарез пурзӯр мешавад

Генерал Назарзода мегӯяд, дар доираи таҷдид ҳамчунин системаи огоҳонии таҷҳизот пурзур карда мешавад, ки метавонад, ҳангоми садама аҳолиро то сарҳади Узбекистон огоҳ созад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад воситаҳлои техникиву назоратии кӯли Сарезро таҷдид кунад.

Дар ин бора генерасл Рустам Назарзода, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Тоҷикистон изҳор дошта гуфт, таҷдиди воситаҳои техникиву назоратии кӯли Сарез дар доираи лоиҳаи нави Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 1,6 миллион доллар роҳандозӣ мегардад.

 Номбурда гуфт, қисми асосии лоиҳаи БОР ба ивазкунии пурраи тамоми таҷҳизоти насбшуда дар  сарбанди Усой,  равона мешавад, ки  барои назорат ва мониторинги  ҳамарӯзаи кӯли Сарез ҷойгир шудааст.

Кӯли Сарез: офати табиӣ ё муъҷизае дар кӯҳҳои Помир

Ба иттилои манбаъ, дар доираи таҷдид ҳамчунин системаи огоҳонии таҷҳизот пурзур карда мешавад, ки метавонад, ҳангоми садама аҳолиро то сарҳади Узбекистон огоҳ созад.

Генерал Назарзода мегӯяд, таҷҳизоти ҳозира низ хуб кор мекунад, аммо барои беҳтар кардани фаъолият таҷҳизоти муосир ворид месозанд.

Ба иттилои манбаъ Тоҷикистон дар доираи ин лоиҳа аз БОР дар умум 10 миллион долла мегирад.

Кули Сарез дар пайи заминларзаи соли 1911 ба вуҷуд омада, 17 километри мукааб об дорад.