ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон ба хабарнигорон дар ин робита гуфт, музокирот ба хотири ҳалли ин мушкил бо кишварҳои ҳамкори Тоҷикистон дар ҷараён аст.
"Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Вуҳани Чин - маркази сирояти бемории "вируси тоҷдор" қарор доранд, ба шумули донишҷӯён, ба 58 нафар мерасад. Масъалаи интиқоли онҳо дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад. Ҳоло мавзӯъи баррасӣ ин аст, ки онҳоро ҷониби Чин интиқол диҳад, ё худи мо бояд иқдом кунем", - гуфт Олимзода.
Русия дархости Тоҷикистонро пазируфт: 58 донишҷӯи тоҷик аз Ухан бармегарданд
Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон низ имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки омодагиҳо барои баргардондани донишҷӯёни тоҷик идома дорад ва интизор меравад, ки дар зудтарин фурсат онҳоро ба ватан интиқол медиҳанд.
То ба ҳол маълум нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз шаҳри Вуҳани Чин кадом кишвар интиқол хоҳад дод – худи Тоҷикистон, Русия ё Чин. Ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" дар ин кор саҳм нахоҳад гирифт, зеро дар сӯҳбат бо расонаҳо аз ин гуна масоил изҳори бехабарӣ кардааст. Сухангӯи ширкати "Сомон Эйр" дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дақиқан ҳавопаймои ин ширкат шаҳрвандони кишварро ба ватан интиқол намедиҳад, аммо дар ҳолати изтирорӣ бар тасмими ҳукумат арҷ хоҳанд гузошт.
Ҳақ надорем: чаро ба ҳавопаймоҳои Русия дар Чин ба шаҳрвандони Тоҷикистон роҳ намедиҳанд?
Чанде қабл ҳукумати Русия дархости Тоҷикистон дар мавриди берун овардани шаҳрвандони тоҷик аз қаламрави Чинро пазируфт. Ба иттилои нашрияи "Коммерсант", ҳукумати Русия ба мақомоти тоҷик ваъда додааст, ки пас аз ду ҳафта дар пайи интиқоли шаҳрвандонаш аз Вуҳан шаҳрвандони Тоҷикистонро низ берун меоранд.
Қаблан аз баргаштани бештар аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон аз Чин хабар дода шуда буд, ки бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, таҳти муроқабат ё карантин гирифта шудаанд.