Дар Суғд: мактабҳои садамавӣ ба 41 адад кам шудаанд

Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, дар бораи шумори муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, иттилоъ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи Суғд, дар нишасти матбуотӣ гуфт, анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар 5 мактаб дар соли 2019, шумори муассисаҳои таълимии ҳолаташон садамавӣ, кам шудааст.

 

Дар Суғд: мактабҳои садамавӣ ба 41 адад кам шудаанд
Бино ба гуфти ӯ, зимнан дар шаҳру ноҳияҳои Суғд, 41 муассисаи таълимие боқӣ мондаанд, ки ҳолати онҳо хароб ва садамавӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ҳолати садававӣ қарор доштани 33 мактаби вилояти Суғд

 

Ба ин тартиб теъдоди муассисаҳои садамавӣ то охири соли 2020 аз 41 ба 21 адад коҳиш дода шавад. Масъулони Раёсати маорифи Суғд таъкид намуданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соли 2021 рос меояд, 21 чунин муасисаҳои таълимии садамавӣ пурра таъмир карда хоҳанд шуд.

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз зимистони сард ва тӯлонӣ

Дар соли таҳсили 2019 -2020 дар 929 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Суғд мавҷуд буда, 547 ҳазор хонанда аз ҷумла 267 ҳазору 888 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин рақам назар ба соли қаблии таҳсил бо 1 муассисаи таълимӣ ва 14 ҳазору 233 хонанда зиёд гуфта мешавад.