ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ин маҳдудият сар аз 4 - уми феврали соли ҷорӣ ба ҳукми қонунӣ даромад. Ба иттилои Sputnik Абхазистон аз 4- уми феврал дар гузаргоҳҳои "Псоу" ва "Ингур" тағйирот ворид гардида, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави ин кишвар маҳдуд шудааст.
Зимнан, роҳбари хадамот афзудаст, ки "ҳарчанд ба Абхазистон муҳоҷирон аз Арманиятон ва кишварҳои Африқои Ҷанубӣ ҳам ворид мешаванд, вале шаҳрвандони ин кишварҳоро дар феҳрасти мамнӯъулвуруд шомил накардем".
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон феълан бурузи ин маризӣ сабт нагардидаст, ва ҷорӣ шудани чунин маҳдудият дар қиболи шаҳрвандони ин се кишвар бисёр аҷиб аст.
Эҳтимол, пиёда гардидани маҳдудияти вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, танҳо ба хотири ҳаммарз будан бо давлати Чин, гирифта шудаст.
Таъйиди марги нахустин қурбонии вируси "тоҷдор" берун аз Чин
Гуфта мешавад, маҳдудият то замоне, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар робита ба бемории "вируси тоҷдор" вазъи фавқулодаро лағв накунад, идома хоҳад ёфт.