Пардохти ҷуброн ба зарардидагон аз ҳамлаи озодапалангҳо дар ВМКБ

Сокинони Бадахшон озодапалангҳоеро, ки ҳангоми нобудсозии чорвои мардум қапиданд, бидуни расондани зарар раҳо карданд. Ҷуброни чорвоеро, ки озодапалангҳо хӯрдаанд, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе пардохт кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҳукумати ВМКБ хабар дод, ки бабрҳои барфӣ, ё озодапалангҳо  зимистони имсол ​ 132 сар​ чорвои мардумро нобуд карданд, ки дар шароити куҳистон зарари ҷиддӣ ба шумор меравад.

Гурӯҳи "Алфа"-и КДАМ мардуми ВМКБ - ро аз ҳамлаи гургон ҳимоя мекунад

Ба иттилои манбаъ, бо дастури шаҳрдори Душанбе, ба сокиноне, ки чорвояшон тӯъмаи бабрӣ барфӣ шуд, Ассотсиатсияи шикорчиёни ҷумҳурӣ ҷуброни зарарро пурра пардохтааст. Гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ВМКБ, маблағи зарарро ба навоҳии Роштқалъа, Ишкошим ​ ва водии Бартанг ба дасти зарардидагон расондаанд. Ҳаҷми маблағ гуфта нашудааст.

Озодапаланг ҳайвони нодире мебошад, ки дар масоҳати 86 ҳазор метри мураббаи хоки Тоҷикистон, асосан дар шарқи Бадахшон дар баландиҳои 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад.

Мақомоти иҷроияи ВМКБ тавзеҳ додаст, ки ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном​ мебаранд. Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ ё дар ҳолати пирӣ, ки дигар қувваи шикор карданро надорад, дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.

Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо

Ба иттилои мақомоти ВМКБ, озодапаланг вақтҳои охир зиёда аз 280 сар чорвои хурдро нобуд кард, вале мардум онро бо эҳтиёт дастгир намуда, ба ихтиёри кормандони соҳаи ҳифзи табиат супориданд.

Фақат дар​ се ​ моҳи охир 4 сари он дастгир карда шуд ва ба макони махсус, ки аз тарафи ҷамъияти “Барс“ ташкил гардидаст, интиқол дода шудаанд.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст.

Дар ВМКБ бо дастгирии шарикони рушд, махсусан ташкилоти Оқохон  ва дигар созмонҳои ғайридавлатӣ чандин қароргоҳҳои чорводорӣ сохта шудаанд.