Ҷоизаи 10000 доллараи президент барои 5 омӯзгори беҳтарин

Ҷоиза барои ғолибон аз ҷониби раисиҷумҳури кишвар дар рӯзи таҷлил аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон супорида мешавад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи президенти кишвар дар соҳаи маориф дар соли 2020 озмун эълон намуд.

Эълони ҷоизаи президент ба беҳтарин маорифчиёни Тоҷикистон

Дар ин бора дафтари матбуотии вазорат иттилоъ дода гуфтааст, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ метавонанд номзадҳои худро то 20 марти соли равон  пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҷоиза барои ғолибон аз ҷониби раисиҷумҳури кишвар дар рӯзи таҷлил аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон супорида мешавад.

Ҷоизаи мазкур аз соли 2006 таъсис дода шуда, аз 5 мукофот иборат буда, маблағи ҳар яки он 2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Озмуни мазкур дар ду сол як маротиба доир гашта, то имрӯз 34 нафар ба он сазовор гаштаанд.