Савдои хориҷӣ дар Суғд : воридот зиёду содирот кам

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар як соли охир дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба андозаи 27, 1 милион доллар коҳиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ аз коҳиши ҳаҷми савдои хориҷӣ гуфта, иттилоъ дод, ки дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 2 миллиарду 42, 7 милион доллари амрикоӣ баробар шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин рақам дар муқоиса ба соли 2018, 1,3 фоиз ва ё 27, 1 милион доллар кам мебошад.

Вазорати иқтисод сармоягузори аслии корхонаи полоишгоҳи нафти Данғараро гуфт

Раиси вилояти Суғд дар мавриди таносуби савдои хориҷӣ гуфт, соли 2019 ба содирот 23, 1 фоиз ва воридот 76, 9 % рост меояд.

“Дар ин давра ҳаҷми содироти мол ҳамагӣ 471, 1 милион долларро ташкил намудааст, ки ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-декабри 2018 -ум 15, 8 % ё 88, 6 милион доллар кам мебошад.  Дар ин давра ҳаҷми воридоти мол ба вилоят 1 миллиарду 571,6 миллион долларро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба соли 2018 -ум 7,9 % ё 115, 7 милион доллар зиёд шудааст”, - гуфт Аҳмадзода.

Дар ин давра аз ҷумла содироти меваи тар нисбат ба соли 2018 -ум, 17, 7 % ё 783, 7 тонна, меваи хушк 27, 8 % ё 5 ҳазору 458, 7 тонна ва пиёз 30, 6% ё 23 ҳазору 512, 1 тонна кам шудааст.

Тафсилоти нав: “Талко” “модар” - и чанд “духтар” мешавад?

Вилояти Суғди Тоҷикистон дар умум бо 59 мамолики дунё аз ҷумла бо 10 кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 49 мамолики хориҷи дур робитаҳои иқтисодӣ дорад.

Бар бояи иттилои расмӣ, кишварҳои асосии қабулкунандаи коло аз вилояти Суғд ин Қазоқистон бо саҳми  45, 8 %, Узбакистон -24, 1%, Чин - 6, 3 %, Русия- 4, 2%, Белгия - 4, 4%, Туркия -3, 7%, Италия - 2, 3 %, Қирғизистон -1, 9 %, ва Латвия бо нишондоди 2, 5 % мебошад.

Мол ба вилояти Суғд дар соли 2019 бештар аз кишварҳои Қазоқистон - 36, 6 %, Русия -32, 4 %, Чин-10, 3 %, Узбакистон- 4, 1%, Литва-3, 6 %, Қирғизистон – 3, 2 %, Туркия – 1, 9%, Корея -1, 6 % ва Украина - 1,0 % ворид шудааст.