Нуриддин Саид рӯзноманигорони хориҷиро ба Тоҷикистон даъват мекунад

Дар назди Академияи ВАО-и Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос ташкил мешаванд, ки дар он ба рӯзноманигорони тоҷик мутахассисони хориҷӣ дарс хоҳанд гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид мехоҳад барои такмили ихтисоси рӯзноманигорони тоҷик мутахассисони хориҷиро ҷалб кунад. Ин мақсадашро ҷаноби раис дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтааст.

Нахустин лоиҳаи таълимии SputnikPro барои рӯзноманигорон дар Тоҷикистон доир мешавад
Тавре вай изҳор доштааст, минбаъд дар назди Академияи ВАО-и Тоҷикистон барои рӯзноманигорони тоҷик курсҳои такмили ихтисос ташкил хоҳад шуд, ки дар он мутахасиссони хориҷӣ дарс мегӯянд.

"Дар чунин барномаҳо он паҳлӯҳои назариявии соҳа, ки рӯзноманигор аллакай дар донишгоҳ хондааст, баррасӣ нахоҳад шуд, балки таваҷчуҳ бештар ба он самтҳое равона мегардад, ки имрӯз дар фаолияти рӯзноманигорӣ ниёз ба онҳо бештар аст", - таъкид доштааст раиси кумита.

Тавре Нуриддин Саид афзудааст, ҳамчунин кормандони телевизион ва радиоҳои Тоҷикистон барои такмили ихтисос ба хориҷ фристода мешаванд.

Sputnik Эстонияро кормандони АИБ “Россия сегодня” дар Фаронса дастгирӣ карданд

"Мо аллакай ба сохторҳои марбутаи омоданамоии мутахассисон соҳаи телевизион ва радиои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар кишварҳои аврупоӣ барои фиристодани донишҷӯёни соҳаи журналистикаи мамлакат, бахусус он ихтисосҳое, ки имрӯз дар соҳаи телевизион ва радио ба онҳо эҳтиёҷоти бештар дида мешавад, ба монанди наворбардорон, таҳиягари телевизион ё радио, ороишгар ва дигар ихтисосҳо мактуб  фиристодем", - афзудааст вай.