Ҷашнҳои рӯзи 4 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи чоруми феврал Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон буда дар Шри-Ланка – Рӯзи истиқлолият ва дар Ангола – Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона мебошад
Sputnik

Рӯзи 4 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1861 дар ИМА ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд.

Соли 1911 ширкати "Роллс-Ройс" барои автомобилҳои худ тамғаи махсус созмон дод.

Соли 1934 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Венгрия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

Соли 1935 аваллин қатораи озмоишӣ дар Метрополени Маскав ба ҳаракат даромад.

Ҷашнҳои рӯзи 4 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Гватемала 23 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 1985  қатъномаи СММ дар бораи манъ кардани шиканҷа қабул гардид.

Соли 2003 Конститутсияи Сербия ва Ченогория қабул карда шуд.

Соли 2004 Марк Сукерберг сомонаи "Thefacebook"-ро дар суроғаи thefacebook.com фаъол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Имрӯз ин сомона ҳамчун машҳуртарин ва бузургтарин сомонаи иҷтимоӣ – Facebook дар ҷаҳон буда, Марк Сукерберг сарватмандтарин шахси олам ба шумор меравад.

Ҷашнҳои рӯзи 4 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Рӯзи 4 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми "Шабакаи ташкилотҳои шарикон оид ба обтаъминкунии устувор ва ҳолати санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шўрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шўрои мазкур бо иштироки аъзои он ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 дар сомонаи ФИФА рейтинги февралии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол нашр шуд. Дар ҳисоб дастаи футболи Тоҷикистон мисли моҳи гузашта (январи соли 2016) 196 хол ба даст овард. Миёни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё дастаи мо мисли пешина мақоми 26-умро касб намуд.  

Соли 2016 дар дафтари намояндагии Фонди рушди «Институти тадқиқотии АвруОсиё» маросими супоридани диплом ба барандагони озмуни донишҷӯии ба номи Дмитрий Менделеев ва Михаил Ломоносов баргузор гардид.

Соли 2016 дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти таъмини ҳуқуқи инсон http://khit.tj фаъол карда шуд.

Соли 2017 хабар дода шуд, ки дар умум дар соли 2017 барои ба Русия кӯч бастан аз Тоҷикистон 16 ҳазору 892  ариза додаанд.

Соли 2019 вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон сафар кард.

Соли 2019 дар яке аз биноҳои истиқоматӣ дар гулгашти Никитский 12 сӯхтор сар заду ҷони чандин касро гирифт.

Ҷашнҳои рӯзи 4 феврал

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон.
  • Дар Шри-Ланка – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Ангола – Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона.

Рӯзи 4 феврал кӣ ба дунё омадааст

Латиф Комилӣ (1954) - мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тиҷикистон.

Аламхон Кўчаров (1946) - доктори илми филологӣ, профессор.

Муравин Семён (1907 - 1974) - консертмейстр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Муҳаммадзода Нодира (1986)- шоира.

Суҳроби Маҳмуд (1975)- сароянда.

Шевченко Всеволод (1905-1949)- кинооператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Туғрал Шокиров (1953)- доктори илми филологӣ, профессор.

Ҳабиб Юсуфӣ (1916 - 1945) - шоир.