Сохтмони варзишгоҳ ба харҷи 11 миллион сомонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар вилояти Суғди ноҳияи Мастчоҳ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бунёди варзишгоҳи марказӣ ҷараён дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бо ҷараёни бунёди варзишгоҳи марказӣ аз наздик шинос шуд.

Варзишгоҳ бо 30 ҳазор нишастгоҳу минбари воломақомҳо дар Душанбе чигуна хоҳад буд – 5 акс

“Варзишгоҳи замонавӣ дар маркази ноҳия бо 10 000 ҷойи нишаст бунёд гардида, лоиҳаи он аз тарафи паҷӯҳишгоҳи лоиҳакашии “САНИИОСП” таҳия гардидааст. Барои бунёди варзишгоҳи марказӣ, тибқи нақша, 11 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ алҳол босуръат идома дорад”, таъкид доштааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Сохтмон” - и ноҳия мебошад.

Аҳмадзода ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин барои вусъати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург, дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ, обод намудани гирду атрофи он ва шинонидани ниҳолҳои ороишӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сохтмони варзишгоҳ ба харҷи 11 миллион сомонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Ҳамзамон, Раиси вилоят аз ҷараёни бунёди толори варзишии “Паҳлавонони Суғд” низ ошно шуд.

Ба иттилои манбаъ, толори варзишӣ дар шафати варзишгоҳи марказӣ бунёд шуда барои бунёди он 1,2 миллион сомонӣ масраф хоҳад шуд.