Сафари Помпео ба Беларус, Қазоқистон ва Узбакистон омад

Котоби давлатии ИМА тули чанд рӯзи охир бо сафари расмӣ дар Белорус, Қазоқистон, Узбакистон ва Украина қарор дошт
Sputnik

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео сафари Авруосиёро ба итмом расонид.

Тӯли чанд рӯз вай аз Украина, Беларус, Қазоқистон ва Узбакистон боздид кард ва дар Тошканд тавонист дар мулоқот дар доираи "Осиёи Марказӣ + ИМА" (C5 + 1) иштирок кунад. Помпео бо кадом мақсад сафар кард - мо дар навори худ мегӯем.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео сафари худро дар кишварҳои пасошӯравӣ ба анҷом расонд. Ҷадвали сиёсатмадор бомуваффақият анҷомид. Ӯ тавонист аз Украина, Беларус, Қазоқистон ва Узбакистон дидан кунад ва дар ҳама ҷо кӯшиш мекард, ки оҳанги дӯстонаро нигоҳ дорад.

“Президент Доналд Трамп хоҳиш кард, ки саломи ӯро ба шумо расонам ва ман бисёр хурсандам, ки имрӯз инҷо қарор дорам”, - гуфт Майк Помпео, котиби давлатии ИМА.

Помпео изҳор кард, ки Украина, Беларус, Қазоқистон ва Узбакистон ба ИМА манфиатдоранд танҳо дар ҷанбаи муқовимати геополитикӣ бо Русия.

То чӣ андоза ин кишварҳо баробаранд, Вашингтон ҳеҷ гоҳ намефаҳмад ва ҳамкорӣ танҳо дар асоси шартҳои худ сохта мешавад.