ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Сардори Раёсати тандурустии Суғд гуфт, дар пайи таъсиси ситоди корӣ алайҳи паҳни коронавирус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, марказҳои саломатӣ ва идораҳои беҳдоштӣ, маводи пешгирикунандаи тиббӣ ба таври кофӣ захира карда шудааст.
"Ҳоло дар мо захираи 110 ҳазор ниқобҳои яккаратӣ, инчунин 5 ҳазор литр маҳлулҳои дорувории антивирусӣ ва 9 ҳазор картон - таблеткаҳои зиддивирусӣ мавҷуд мебошад ва ягон ҷои хавотирӣ аз олудашавӣ ба коноравирус вуҷуд надорад", - гуфт Мақсудзода.
Сардори Раёсати тандурустӣ афзуд, ситоди корӣ дар назди ин ниҳод ва идораҳои назорати санитарию эпидемологии Суғд сар аз санаи 1-уми феврал бо реҷаи навбатдории шабонарӯзӣ амал мекунад ва то ҳол ҳеҷ ҳодисаи сирояти коронавирус аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳо шимоли Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Ӯ гуфт танҳо дар рӯзҳои аввали моҳи феврал, 62 сокини Суғд, асосан донишҷӯён, дар вақти таътили донишгоҳҳо аз кишвари Чин ба хонаҳояшон баргаштаанд ва ҳамаи онҳо сиҳату саломат ҳастанд.
"Новобаста аз он, ки ҳарорати бадани онҳо паст ё баланд аст, мо онҳоро карантин гузаронидем. Тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо маводи доруворӣ ва ҳароратсанҷҳо таъмин ҳастанд", - зикр намуд Мақсудзода.
Бар пояи гузоришҳои то ин замон ба нашр расида 14,4 ҳазор кас дар саросари ҷаҳон аз ин вирус мубтало шудааст. Ва дар умум то ин дам коронавирус ҷони 304 нафарро гирифтааст.
Зимнан макони паҳншавии коронавирус кишвари Чин гуфта мешавад.
Вазорати тандурустии Чин дар як гузориш дар бораи аз ташхис гузаронида 80 ҳазор кас хабар дода ва гуфтааст, ки дар ин миён 328 нафар аз ин вирус табобат ёфтааст.
Афзоиши паҳни хабарҳо дар бораи сирояти босуръати коронавирус - вируси марговар, ҳоло аксар сокинони Тоҷикистонро дар боробари сокинони сайёра ба изтироб овардааст.
Донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони чинӣ: 300 кас дар Тоҷикистон дар карантин
Ба дунболи паҳни хабари ин офат дида мешавад, ки ҳоло қимати аксар маводи тиббӣ дар дорухонаҳои Тоҷикистон баланд шудааст ва бисёриҳо аз зарба ба иқтисоди хонаводагии худ нигарон ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол баъзе сокинон аз ҷумла ба арзиши ниқобҳои муҳофизаткунанда аз паҳни ҳавои олуда ишора карда, таъкид меварзанд, ки дар ин охирҳо то ба 3 сомонӣ гарон шудааст.
Чизе, ки чанд рӯзи пеш ҳамагӣ ба 1 сомонӣ барои хариддорон фурухта мешуд.