Ду моҳ муҳлат: огоҳӣ ба се сардори нозироти андоз дар Суғд

Бо сабаби дуруст иҷро накардани ӯҳдадории мансабӣ ва ҳам назорати суст аз болои зердастони худ, ба сардорони нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, ва Исфара дар вилояти Суғд, огоҳӣ дода шуда то дар зарфи ду моҳ чунин камбудиҳои худро ислоҳ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Дар ин бора имрӯз дар зимни нишасти матбуотӣ дар Раёсати андози вилояти Суғд таъкид гардид.

Наимҷон Комилзода, мудири бахши кадрҳои ин ниҳод дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, чунин муқаррароти интизомӣ нисбати сардорони нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен ва Исфара бар асоси қарори мушовараи Кумитаи андоз тадбиқ карда мешавад.

Барканории 6 комиссари ҳарбии Суғду Хатлону ВМКБ: "облава амали номатлуб"

Ба иттилоъи манбаъ, ҷаласаи мушовараи Кумитаи андоз, рӯзи 21-уми январ аз ҷумла қарореро қабул намудааст, ки тибқи он Ҳакимзода Дилшод, Амирзода Саидислом ва Шуҳрат Мирзоев, сардорони нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен ва Исфара бояд то санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти мансабии худро ислоҳ кунанд.

Зимнан ин шаҳру ноҳияҳои саноатии шимоли кишвар дар давраи ҳисоботӣ аз уҳдаи таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ пурра набаромадаанд.

Аз шаҳри Хуҷанд- 94 %, ноҳияи Спитамен - 97,8 % ва шаҳри Исфара – 95, 4 % ҳамагӣ нақшаи андозро таъмин кардааст, иттилоъ медиҳад Раёсати андоз дар вилоят Суғд. Аз ҳисоби иҷро нашудани нишондиҳандаҳои пешбинишудаи нақшаи андоз аз ҷониби ин шаҳру ноҳияҳо, дар умум ба буҷҷет 43, 4 милион сомонӣ ворид нагардидааст.

Бо ин вуҷуд аз ҳисоби иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба ҷойи 2 млярду 913, 3 милион сомонӣ пешбинишуда ба буҷети давлатӣ 2 млярду 913, 9 милион сомонӣ аз вилояти Суғд ворид карда шудааст, ки рақам дар муқоиса ба як соли пеш 324, 7 милион сомонӣ ва ё 12, 5 % зиёд гуфта мешавад.