Омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар макотиби шаҳри Душанбе

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки хонандагони 10 муассисаи таълимии умумии шаҳри Душанбе бо арзишҳои олимпӣ ошно мегарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе ва Академияи миллии олимпӣ дар 10 муассисаи таълими умумии пойтахт Барномаи омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпии Ҳамбастагии олимпӣ дар ду давраро татбиқ мекунад.

Таҳкими мубориза бо допинг дар Тоҷикистон дар соли 2020

Тибқи иттилои Кумита, имрӯзҳо давраи дуюми татбиқи барнома дар мактабҳо миёни хонандагон ҷараён дорад.

“Дар даври аввал 13-16 январ 20 нафар - 10 писару 10 духтар, хонандаҳои 10 муассисаи таълимии пойтахт зимни баргузории як семинар омӯзиш гирифтанд. Акнун онҳо дар мактабҳояшон тавассути ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ, бозиҳои зеҳнӣ ва варзишӣ ҳаракати олимпиро тарғиб мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар доираи барнома беш аз 2700 нафар ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.

Роҳандозии маъракаҳои марбут ба арзишҳои олимпӣ дар ҳолеянд, ки солҳои охир қазияҳои марбут ба истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарони тоҷик дар кишвар боиси сарусадо гардиданд.