Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Майкл Помпео дар Тошканд

Ҷонибҳо дар ин дидор, дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1 бо котиби давлатии ИМА Майкл Помпео мулоқот кардааст.

Котиби давлатии ИМА Қирғизистонро пешвои демократии ОМ номид

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин, Сироҷиддин муҳриддин рӯзи 3 феврал дар шаҳри Тошканд дар мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1  иштирок ва суханронӣ намудааст.

Дар ин нишаст, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-энергетикӣ, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва минтақавӣ ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ баррасӣ гардиданд.