ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар ҳафтаи аввали моҳи феврал рубли Русия таҳти фишор хоҳад буд, изҳор доштааст Владимир Помиткин, роҳбари СМП-бонк дар умури таҳлили стратегӣ, зимни суҳбат бо “Российская газета”.
Ба гуфтаи ин иқтисодшинос, омилҳои устувории рубл дар бозори асъор феълан каманд. Таъсири асосиро ба қурби рубл коронавирус мерасонад, таъкид намудаст таҳлилгар.
Ҷаҳиши қурби рубл дар охирин рӯзи соли 2019 дар Тоҷикистон
“Дар бозор майл ба таваккал дар ҳоли коҳишёбист ва баъзе бозбиниҳо дар назаранд. Дар чунин шароит имкони устуворшавии рубл хеле кам аст”, - тавзеҳ додаст Помиткин.
Ӯ пешбинӣ кардаст, ки дар ҳафтаи аввали феврал қурби рубл дар баробари доллар аз 62,3 то 64,5 рублро ташкил хоҳад дод.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар ташкилоти қарзии кишвар аз 0.1515 то 0.1525 сомониро ташкил медиҳад. Ҳафтаҳои қаблӣ ин нишондод ҳадди 0,157 сомониро убур карда буд.
Барои бозори ғайринақдӣ низ қурби рубл поин рафта, Бонки миллӣ имрӯз расман қурби 1 рубли русиро муодили 0.1515 сомонӣ муқаррар кардааст.