Раиси ноҳияи Рӯдакӣ: вакилони тасодуфӣ буданд, дар интихоботи имсола набояд пешбарӣ шаванд

Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, дар интихоботи имсола шахсони тасодуфӣ набояд ба вакилӣ пешниҳод шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рустам Акрамзода, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар ду даъвати қаблӣ ба маҷлисҳои ҷамоат шахсони зиёди тасодуфӣ вакили халқ гардида буданд. Вакилони тасодуфӣ фаъолияти ғайриқаноатбахш дош­танд, хабар додаст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Акрамзода.

Барканории 6 комиссари ҳарбии Суғду Хатлону ВМКБ: "облава амали номатлуб"

Ӯ таъкид намудаст, дар интихоботи навбатӣ, ки 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, интихобкунандагон бояд ба интихоби вакилони Маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аҳамияти ҷиддӣ дода, шахсони тасодуфиро номзад пешбарӣ накунанд.

Раиси ноҳия зимни суҳбат дар бораи дастоварду камбудиҳои соли сипаригардида изҳор доштаст, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 99 фоиз ва қисми хароҷот 98,9 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба як соли пеш мутаносибан 11,5 ва 12,2 фоиз зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ ва воридоти андозҳои маҳаллии молу мулки ғайриманқул ва андоз аз воситаҳои нақлиёт 100 фоизро ташкил намудаст.

Тайи соли гузашта Кумитаи идораи замини ноҳия 537 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар 47,89 гектарро ошкор карда, вайронкунандаҳои қонун  ба маблағи 249 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Инчунин соли гузашта дар ноҳия 1109 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли  пеш 10 адад кам мебошад. Ошкоркунии ҷиноятҳо, дар маҷмӯъ, 81,55 фоизро ташкил додаст.