ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Мақомот мегӯяд, сокинони ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ҳамадонӣ, ки қаблан суд шудаанд, ин бор ба ҷурми қаллобӣ боздошт шуданд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми қаллобӣ дастгир гардидааст.
Мақомот мегӯяд, ӯ рӯзи 1-уми майи соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 72-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ҳамин ноҳия даромада, барои кишту кори хоҷагии деҳқониаш, аз ӯ 7 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
"Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷинояти бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст", -омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки арзишаш 135 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ба номи худаш хуҷҷатгузорӣ намудааст.
"Гумонбаршаванда санаи 11-уми декабри соли 2019 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе автомашинаи мазкурро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст".
Ҳамзамон гумонбаршаванда, аз номбурда моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 маблағи 4 ҳазору 100 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Дар натиҷа ба ҷабрдида ба маблағи 139 ҳазору 100 сомонӣ зарари калон расонидааст.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.