"Ором бошед": ВУХ Тоҷикистон аз тоҷикони Чин хост, ки аз худ дарак диҳанд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба хуруҷи вируси тоҷдор дар Чин ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сокинони кишварро аз таҳдиди вируси тоҷдор ҳушдор  дода, ҳамзамон ба тоҷикони Чин мерасонад, ки аз худ ба намояндагони расмии Тоҷикистон хабар диҳанд.

Дар иттилоияи манбаъ гуфта мешавад, ки бо  назардошти паҳншавии вируси тоҷдор дар Чин, ВКХ ҶТ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сафар ба ин кишвар дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

"Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, дархост мешавад, ки маълумот ва ному насаби худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронии tajembbeijing@mfa.tj ё рақамҳои телефони зерин пешниҳод кунанд: +8618511786686(Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов). Суроғаи Сафорати Тоҷикистон: Пекин, No.LA 01-04, Liangmaqiao Diplomatic Compound", — омадааст дар иттилоияи ВУХ.

Бино ба маълумоти расида, дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст.

Муҳим: тавсияҳои ТУТ барои гирифтор нашудан ба "коронавирус"

Ҳамчунин вазорат аз ҳамватанон хоҳиш менамоед, ки оромиро нигоҳ дошта, қоидаҳои будубоши кишвари маҳалли иқомат ва талаботҳои зарурии пешгирии бемориро риоя кунанд.

Супориши Насимзода ба масъулин барои пешгирии "коронавирус": омодагиро пурзӯр кунед

Сафорат ҳолати паҳншавии вируси мазкурро дар Чин пайваста пайгирӣ намуда, муосидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонад.

Манбаъ афзуда, ки корҳо дар ин самт идома доранд.