Созишномаи қарзӣ: БАТР барои таҷдиди роҳи Обигарм-Нуробод 150 млн доллар ҷудо мекунад

Бо ин маблағ сохтмони қитъаи Тагикамар – Нуробод тақрибан 44 км шоҳроҳи дорои хатҳои дутарафаи иқлимӣ, 1 нақб (2,6 км), 1 купрӯки муваққатӣ ва сохтмони тақрибан 40 км роҳҳои маҳаллии ҳамафасла анҷом дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бонки Урупоии таҷдид ва рушд барои таҷдиди роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод 150 миллион доллар ҷудо менамояд.

Сипосгузории вазир аз БАТР барои ҷудо кардани 35 миллион доллар ба модарони тоҷик

Дар ин росто, созишномаи қарзӣ имзо шудааст.

Троллейбусҳои Душанбе нав мешаванд: БАТР ҳашт миллион доллар ҷудо мекунад

Гуфта мешавад, ки созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Урупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи "Таҷдиди роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод", рӯзи 31 январ  дар Вазорати молияи Тоҷикистон ба  имзо расид.

Созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода  ва аз ҷониби  Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд,  Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова имзо кардаанд.

"Маблағи созишномаи  мазкур  150 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мегардад".

Озмуни 930 000 доллараи БАТР барои азнавсозии хати оби Хоруғ

Мақсади асосии баимзорасонии созишномаи мазкур ин сохтмони қитъаи Тагикамар – Нуробод тақрибан 44 км шоҳроҳи дорои хатҳои дутарафаи иқлимӣ, 1 нақб (2,6 км), 1 купрӯки муваққатӣ ва сохтмони тақрибан 40 км роҳҳои маҳаллии ҳамафасла мебошад.