ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Бино ба иттилоъи Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, ҳимояи кори илмии Муҷибахон Ҷавҳарова, рӯзи 30-уми январ, дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи Тешаев, 30-уми январ ҳамзамон зодрӯзи Ҷавҳарова буда ва соҳибҷашн дар ин санаи барояш муқаддас, рисолаи илмиашро бомуваффақона ҳифз намудааст.
Номзадии Ҷавҳарова Муҷибахон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Парлумон ҳанӯз рӯзи 13-уми декабри соли 2019 аз сӯи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуда ва ҳоло таҳти рақами 15 дар қатори 28-номзад дар феҳристи ягонаи умумиҷумҳуриявии ин ҳизб қарор дорад.
Ба ҳисоби ӯ дар ин феҳрист номзадҳои ҲХДТ, 14 нафар занон шомил ҳастанд.
Ба иттилоъи манбаъ, Ҷавҳарова зодаи деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара буда, факултаи рӯзноманигории донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ӯ ҳоло директори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аст.