Коронавирус ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ эълон шуд

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) коронавирусро дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳолати фавқулода эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин хусус рӯзи 30 январ дар ҷаласаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон қарор қабул карда шуд.

"Ман бо сабаби авҷгирии глобалии коронавирус ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ эълон мекунам", — изҳор доштааст директори генералии СУТ Тедрос Адханом Гебрейесус дар Twitter.

Ӯ шарҳ дода, ки сабаби асосии ин тасмим на танҳо паҳншавии вирус дар Чин, балки ба қайд гирифта шудани он дар дигар кишварҳо ҳаст.

СУТ аз эҳтимолияти паҳн шудани вирус дар кишварҳое, ки низоми тандурустиашон суст рушд мекунад, изҳори нигаронӣ мекунад.

Маълум шуд, чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Вухани Чин қарор доранд

Тибқи маълумоти СУТ, 7834 ҳолати сирояти 2019-nCoV тасдиқ карда шудааст, ки 7736 нафари онҳо дар Чин мебошанд.

Ин тақрибан 99%-и ҳамаи ҳолатҳои бақайдгирифташуда дар тамоми ҷаҳонро ташкил медиҳад, — илова намуд Гебрейесус.

Беш аз 170 нафар қурбони вирус гаштаанд ва ҳамаи фавтидаҳо дар Чин ба қайд гирифта шудаанд.

Мудири кулли СУТ кӯшишҳои Чинро дар самти пешгирии паҳншавии ин беморӣ назаррас арзёбӣ намуд.

Ӯ зикр намуд, ки Пекин дар мубодилаи маълумот оид ба вирус бо СУТ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шаффофияти бештар нишон медиҳад.

Ба назари ҷаноби Гебрейесус, "агар амалҳои саривақтии Чин намебуданд, дар ҷаҳон ҳодисаҳои беморӣ ва марг аз коронавирус бештар мегардиданд".