ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Рӯзи 30 январ дар Белград дар чорчӯби сафари расмӣ Президенти Сербия Александр Вучич вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод дар мулоқот доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифтааст.
Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз, вазир бо раиси Шӯрои миллии Сербия хонум Майи Гойкович ва вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич баргузор гардидааст.
Дар дидорҳои мазкур ҷонибҳо масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Сербияро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор кардаанд.
Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Сербия имзо гардид.