Дар Конибодом 19 ҳуҷраи хатна ташкил шуд

Дар ҳуҷраҳое, ки барои хатна ташкил шуданд, то ҳол 1781 нафар кӯдакон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik.  Барои солимии ҷомеа ва хизматрасонии босифат дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Конибодом 19 ҳуҷра барои гузаронидани амалиёти хатна ташкил карда шуда, дар онҳо 1781  нафар кӯдакон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд, гузориш медиҳад "Ховар".

Ба иттилои масъулини раёсати тандурустии шаҳри Конибодом, имрӯз дар шаҳру деҳоти Конибодом ба беш аз дусад ҳазор аҳолӣ аз тарафи  ду Маркази саломатии шаҳр, 16 маркази саломатии деҳот, 18 хонаи саломатӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда, аз тарафи як беморхонаи марказии шаҳрӣ, чор беморхонаи рақамӣ, беморхонаи бачагона, Маркази пӯсту таносул, Маркази бемориҳои сил ва маркази равоншиносӣ дар самти солимӣ ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ хизмат расонида мешавад.

"Дар доираи нақшаи чорабиниҳо доир ба бунёд, таъмиру навсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, танҳо соли 2019 зиёда аз 190 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд", - менависад манбаъ.
Ройгон: давоми шаш моҳ 38,6 ҳазор амалиёти хатна гузаронида шуд

Аз ҷумла, давоми соли 2019 хосатан дар соҳаи тандурустии шаҳр дар 7  маркази саломатии ҷамоатҳои деҳот аз тарафи лоиҳаи «Сино» ба маблағи 2 млн. 564 ҳазор сомонӣ  корҳои навсозӣ ба роҳ монда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар Рашт 80 кӯдакро ройгон хатна карданд

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои тандурустии шаҳр дар самти ҳифзи сиҳатии мардум баҳри амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ корҳои муайян ба иҷро расонида шуд.

Ҳамчунин бо мақсади беҳтар намудани шароити беморхонаҳо ва мусоидат намудан барои болоравии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ барои ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби буҷет 1 млн. 263 ҳазор сомонӣ, суратҳисоби махсус 132 ҳазор сомонӣ ва соҳибкорон 400 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 4 млн. 359 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.