Бархӯрди маргбори "Шакман" ва "Опел-Астра" дар ҳудуди ноҳияи Данғара

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз бархӯрди ду автомашина хабар медиҳад, ки боиси ҳалокати мусофир ва бистарӣ шудани ронанда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, садама рӯзи 30-юми январи соли 2020, тахминан соати 13:20-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

"Сӯхт": ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз таркиш дар Қазоқистон бистарӣ шуд

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Шакман”, Бозоров Диловар Муродалиевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Кӯлоб ба ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, дар канори рости роҳ меистод, бархӯрдааст.

Мошини дуюм, таҳти идораи ронанда, Салимов Нур Сайфуддинович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Душанбе, қарор доштааст.

"Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Шамсов Кароматулло Собирович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома. 

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Салимов Н.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.