Ҳалокати Санавбар Боқиева, зани 30-сола дар пайи садама дар вилояти Суғд

Каромат Муродов, ронандаи ҷавон аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба садама дучор гаштааст, ки дар натиҷа як зани 30-сола ба щалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Як зани ҷавон, Санавбар Боқиеваи 30-сола дар вилояти Суғд дар пайи садамаи нақлиёти ба ҳалокат расид, гузориш медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар ноҳияи Дӯстӣ шаби 28 январ рух додааст.

Милисаҳои Душанбе тайи се рӯз пайвандони зани дар садама ҳалокшударо меҷӯянд

Гуфта мешавад, тахминан соатҳои 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра”, Муродов Каромат Қурбонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Шаҳритуз, дар ҳудуди деҳаи Бештут, ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ,  Боқиева Санавбар Саймуҳидиновна, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Боқиева С.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, далели аслии ҳодиса аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавонистани ронанда мебошад.

Тадқиқоти садама идома дорад.