Изҳороти Анҷумани ВАО-и Тоҷикистон ва қарори ҳабси пешакии Далер Шарифов

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шеваи боздошт ва муносибати мақомотро дар қазияи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ғайри қобили қабул хондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Анҷумани миллии ВАО бо нашри як изҳорот, пойбандияш ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳиро таъкид карда, зикр намудаст, ки мақомот иттиҳоми мушаххас ба Далер Шарифовро пешниҳод накардаанд.

Transparency International сатҳи фасодзадагии Тоҷикистонро муайян кард

“Шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонем, зеро зимни даъват ва боздошт кардани Далер Шарифов эҳтимол меравад, ки аз тарафи мақомот талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сарфи назар шудаанд, гуё ӯро ба мулоқот даъват (бидуни супурдани даъватнома бо нишондоди мақоми вай ‐ гумонбаршуда, шоҳид ва ғ.) намуда, боздошт карданд. Вай аз лаҳзаи боздошт шуданаш то рӯзи сеюм дастрасӣ ба вакили мудофеъ надошт”, - омадааст дар изҳорот.

Анҷумани миллии ВАО афзудааст, ки алъон, чизи мушаххасе гуфта наметавонад, зеро дастрасӣ  ба иттилоот дар робита ба қазияи Далер Шарифовро надорад.

“Ҳамзамон, аз мақомоти тафтишот  боисрор талаб дорем, ки дар баррасии мавод ва ҳолатҳои қазия волоияти қонун бечунучаро риоя шавад. Мо қазияро ҳамаҷониба мавриди пайгирӣ қарор додем, дар сурати дастрас шудани маълумоти нав мавқеамонро боз ҳам мушаххас мегардонем”, - омадааст дар изҳорот.

Таъсиси чаҳор ҷоизаи нав ва як бурс барои хабарнигорон

Расман мақомоти Тоҷикистон то ҳол қазияи боздошти Шарифовро шарҳ надодаанд. Бар асоси хабарҳои расида, Шарифов имрӯз ба ду моҳи ҳабси пешакӣ гирифта шуда, ӯ бар асоси моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ дар барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ муттаҳам мешавад. Банди аввали ин модда то 5 соли ҳабсро пешбинӣ кардааст.

Далер Шарифов ба иттилои наздиконаш пеш аз зуҳри 28 январ ба шаҳри Душанбе даъват шуда, боздошт гардидааст. Наздиконаш мегӯянд, сипас кормандони мақомот хонаашонро бозҷӯӣ карда, бархе аз адабиётро бо худ бурданд ва таъкид намуданд, ки Шарифов баъди бозпурсӣ раҳо хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Шарифов вакили дифоъро ироа кардааст, имрӯз хабар дода буд, ки боздоштшударо ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурдаанд ва вакили дифоъ Абдураҳмон Шарифов низ барои мулоқот бо зерҳимояаш даъват шуда буд. Феълан тафсилоти мулоқоти вакили дифоъ ва назари ҷониби ҳимоя маълум нест.

Дар ҳамин ҳол бар асоси қонунгузории Тоҷикистон боздошти шахс бо асосҳои ҷойдошта ба муҳлати зиёда аз 72 соат мумкин нест. Бо гузашти 72 соат дастгиршуда бояд раҳо шавад, ё нисбаташ чораи дигари пешгирӣ татбиқ гардад.

Далер Шарифов қаблан дар телевизиони давлатии “Сафина” кор мекард ва солҳои охир ба иттилои наздиконаш баробари ҳамкорӣ бо расонаҳо ба кишоварзию китобфурӯшӣ машғул буд.