Видоъ бо Фотима Мирзоқуловаи 127-сола ва васияташ ба бозмондагон

Фотима Мирзоқулова, сокини куҳансолтарини Тоҷикистон дар сини 127-солагӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз олам даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Зафар Мамадҷонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳияи Ашт, гуфт  ҷанозаи марҳум, ки ҳамагон ӯро навозишкорона очаи Фотима ном мебурданд, рӯзи 25-уми январ бо иштироки пайвандону ҳамсоягон ва кормандони ҳукумати ноҳия дар ҷамоати шаҳракаи Шайдон баргузор шуд.

Занеро, ки Раҳмон дар навор диду таъриф кард: навсозии хонаю тақдими пул-аксҳо

Мамадҷонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон афзуд, Мирзоқулова то дами марг аз ҳеҷ беморие ранҷ намекашид ва бо хости Парвардигор дар овони 127-солагӣ дар деҳаи Даҳанаи Ашт ба ҳақ пайваст.

“Фотима Мирзоқулова 13-уми марти соли 1893 дар ҳеҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт ба дунё омада, дар қарнҳои 19, 20, 21 - 127 сол зиндагӣ кардаанд. Рӯзи 25-уми январ ин зани фариштахуй аз олам даргузашт”, -  гуфт Мамадҷонов.

Очаи Фотима соҳиби 8 фарзанд - панҷ духтару се писар ва ҳудуди 200 набераю абера ва чабера будаанд. Ба иттилои Мамадҷонов, очаи Фотима дар хонаи писараш Неъмат Маҳкамов ҳамроҳи келину набераҳояш ба сар мебурд. Духтаронаш ҳам ҳар вақт ӯро барои меҳмонӣ ба хонаашон мебурданд, гуфт Мамадҷонов.

Модар фарзандашро пас аз 12 соли бедаракшавӣ пайдо кард

Неъмат Махкамов ҳоло дар Донишгоҳи шаҳри Тошканд омӯзгор аст ва Иззатулло писари дуюми Фотима аз роҳи соҳибкорӣ зиндагиашро пеш мебарад. Бино ба иттилоъи манбаъ, ин зани 127 солаи Тоҷикистон баъд аз хатми мактаб дар шароити колхоз ва баъдан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳия ба парвариши кирмак ва пахта машғул будаст.

“Ман шахсан як ду бор ба аёдати очаи Фотима рафта будам. Хеле чеҳраи кушод доштанд ва гапу ҳарфашон ширин буд. Ҷавононро барои хондану меҳнат насиҳат мекард ва таъкид менамуданд, ки аз роҳи ҳалол ризқу рӯзӣ ба даст оранд”, - афзуд Мамадҷонов.

Дар маросими ҷанозаи Мирзоқулова ҳудуди 350 сокини ноҳияи Ашт иштирок карда, бо ихлос пояи тобути ин Фотима Мирзоқуловаро бардоштаанд.