Тоҷикистон тасмим дорад дар соли равон аз Узбакистон бештар гази табиӣ харад

Дар соли 2020 Тоҷикистон тасмим дорад, аз Узбакистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Директори генералии  ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки айни замон гуфтушунид барои афзоиши харидории гази табиӣ идома дорад ва мақомоти “Тоҷиктрансгаз”  умедвор аст, ки ин масъала ба наздикӣ ҳалли худро меёбад.

Тоҷикистон ба беш аз 9 миллион доллар аз Узбакистон гази табиӣ ворид кард

“Соли 2019 Тоҷикистон дар ҳаҷми 140 млн метри мукааб ба маблағи 17,7 млн доллар аз Узбакистон гази табиӣ харид, ки нисбат ба соли 2018  2,6  маротиба зиёд аст. Соли 2018 аз ин давлат 54,6 миллион метри мукааб гази табиӣ ба маблағи 6,9 миллион доллар ба Тоҷикистон интиқол дода шуд”, — афзуд Шавкат Шоимзода.

Ба гуфтаи вай, истеъмолгарони асосии гази табиии Узбакистон дар Тоҷикистон ҳамоно корхонаҳои азими саноатӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли 2018 “Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1” бо тавоноии 60 мегаватт фаъолият намуд, ки истифодаи гази табиӣ нисбатан кам буд. Соли 2019 тавоноии марказ ба 90 мегаватт бардошта шуд, ки истифодаи гази табиӣ низ зиёд шуда, 108 миллион метри мукаабро ташкил дод.