Дусаду панҷоҳ сомонӣ барои фароҳам овардани шароит ба муносибатҳои маҳрамона

Як сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ба ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад. Ба иттилои мақомот, мард манзилашро бар ивази 250 сомонӣ ба фоҳишахона табдил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор гардидани фоҳишахона дар пойтахт гузориш дода, афзуд, ки ба ташкили он марди 30-солае муттаҳам мешавад.

Тавре ВУД менависад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ташкили фоҳишахона дастгир шудааст. 

Ҳавлӣ аз 30 то 100 сомонӣ: сокини 60 солаи Хуҷанд барои ташкили фоҳишахона боздошт шуд

Ба иттилои манбаъ, муттаҳам хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, бар ивазаш маблағ мегирифтааст.

Чунончи, "номбурда, санаи 26-уми январи соли 2020, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Мехнатро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 32 ва зани 34-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст".

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Пештар  вазорати умури дохилии Тоҷикистон гузориш дода буд, ки маъмурини милиса дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зани 32-соларо бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карданд

Тибқи иттилои ВУД, зани мазкур, баъди зуҳри 27 ноябр ба ивази маблағ ба хонааш ҷуфтеро барои ишқварзӣ роҳ додааст, ки якеашон ноболиғ будааст.

“Зани мазкур рӯзи 27-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 16:00 дар хонаи истиқоматиаш бар ивази 150 сомонӣ маблағи пулӣ, ба марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё кардааст”, - хабар дод ВУД.

Зани 26 - сола дар Душанбе манзилашро ба фоҳишахона табдил доду бар иваз 150 сомонӣ мегирифт

Чанде пеш, мақомоти Тоҷикистон, тағйирот ба Кодекси ҷиноиро қабул карданд, ки бар асоси он ҷазои занҷаллобону ташкилкунандагони фоҳишахона сангин шуд.

Бар асоси иловаҳо ба моддаи 239 қисми 2, ки Маҷлиси миллӣ қабул кард, барои ташкили такрорӣ ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ то 8 соли зиндон муайян шудааст.

Иҷора на барои иқомат, балки барои табдили фоҳишахона

Барои ташкил фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ ё занҷаллобӣ дар Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шуда буд.

Бар асоси тағйироти қабулшуда ба афроде, ки дубора даст ба чунин ҷинояткорӣ мезананд то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.